Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиш доир ба масоили тағйирёбии иқлим дар Алмаато иштирок намуданд

Сентябрь 20, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар он узви Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода ва узви Кумитаи иқтисод ва молияи  Маҷлиси намояндагон, узви Комиссияи экологӣ Азиз Гиёзода, инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баромадҳои муфассал ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокираҳо мавқеи ҷумҳуриро доир ба сиёсати иқлим ва экология муаррифӣ намуданд.

Ғайрат Азиззода дар мавзӯи «Пешрафт дар самти такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифта оид ба иқлим» иброз дошт, ки ҳифзи муҳити зист ва экология, инчунин  сиёсати мамлакатҳо оид ба иқлим имрӯз дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи мубрам ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба такмили заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад.

Мавриди зикр  аст, ки миёни ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба таъсири тағйири иқлим осебпазиртар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави он кӯҳистон аст, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол 60 дарсади манобеи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардид. Ин падида ҳамасола сабаби хароб шудани иншооти хоҷагии халқ ва расонидани хисороти зиёди молӣ ба аҳолии кишвар мегардад.

Бо дарназардошти ин Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо талош дорад.

Ёдовар мешавем, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009   аз минбари Конфронси байналмилалии тағйири иқлим дар Копенҳаген зарурати таъсиси сандуқи вижаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд. Моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи онлайнии Шӯрои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ карда, Сарвари Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъйин карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим тадбирҳои иқтисодӣ андешида истодааст. Хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои ин хатарҳо барои аҳолӣ ва бахшҳои асосии иқтисодиёт унсурҳои муҳими «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон барои соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошанд.

Парлумони мамлакат якчанд қонун ва лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо дар соҳаи муҳофизати табиат, сиёсати иқлимӣ ва истифодаи табиат қабул кардааст. Ҳоло дар соҳаи экология зиёда аз бист қонун қабул ва мавриди амал қарор доранд. Тоҷикистон барои коҳиши минбаъдаи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар оянда саъй мекунад ва нақша дорад, ки ташаббусҳои муҳими коҳиш додани тағйирёбии иқлимро амалӣ созад.

 Дар мулоқот инчунин узви Кумитаи иқтисод ва молияи  Маҷлиси намояндагон, узви Комиссияи экологӣ Азиз Гиёзода дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим дар натиҷаи ҷаласаи чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ата» баромад намуда, диққати иштирокчиёни муколамаро ба тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷалб намуд.

Ин мулоқот, ки аз ҷониби Маркази минтақавии экологии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ доир шудааст, имкон фароҳам овард, ки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ (ВКХ) ва вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикони байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои мубрами марбут ба тағйирёбии иқлим ибрози ақида намоянд.

Акс: МН МО ҶТ 

Сентябрь 20, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир гардид
Оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ҷаласа доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия ҷаласа баргузор шуд
Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд