Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиш доир ба масоили тағйирёбии иқлим дар Алмаато иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар он узви Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода ва узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, узви Комиссияи экологӣ Азиз Гиёзода, инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни баромадҳои муфассал ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокираҳо мавқеи ҷумҳуриро доир ба сиёсати иқлим ва экология муаррифӣ намуданд.
Ғайрат Азиззода дар мавзӯи «Пешрафт дар самти такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифта оид ба иқлим» иброз дошт, ки ҳифзи муҳити зист ва экология, инчунин сиёсати мамлакатҳо оид ба иқлим имрӯз дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи мубрам ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба такмили заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки миёни ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба таъсири тағйири иқлим осебпазиртар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави он кӯҳистон аст, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол 60 дарсади манобеи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардид. Ин падида ҳамасола сабаби хароб шудани иншооти хоҷагии халқ ва расонидани хисороти зиёди молӣ ба аҳолии кишвар мегардад.
Бо дарназардошти ин Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо талош дорад.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз минбари Конфронси байналмилалии тағйири иқлим дар Копенҳаген зарурати таъсиси сандуқи вижаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд. Моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи онлайнии Шӯрои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ карда, Сарвари Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъйин карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим тадбирҳои иқтисодӣ андешида истодааст. Хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои ин хатарҳо барои аҳолӣ ва бахшҳои асосии иқтисодиёт унсурҳои муҳими «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон барои соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошанд.
Парлумони мамлакат якчанд қонун ва лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо дар соҳаи муҳофизати табиат, сиёсати иқлимӣ ва истифодаи табиат қабул кардааст. Ҳоло дар соҳаи экология зиёда аз бист қонун қабул ва мавриди амал қарор доранд. Тоҷикистон барои коҳиши минбаъдаи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар оянда саъй мекунад ва нақша дорад, ки ташаббусҳои муҳими коҳиш додани тағйирёбии иқлимро амалӣ созад.
Дар мулоқот инчунин узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, узви Комиссияи экологӣ Азиз Гиёзода дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим дар натиҷаи ҷаласаи чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ата» баромад намуда, диққати иштирокчиёни муколамаро ба тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷалб намуд.
Ин мулоқот, ки аз ҷониби Маркази минтақавии экологии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ доир шудааст, имкон фароҳам овард, ки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ (ВКХ) ва вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикони байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои мубрами марбут ба тағйирёбии иқлим ибрози ақида намоянд.
Акс: МН МО ҶТ








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






