Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия муроҷиат намуд

Сентябрь 1, 2022 16:21

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба муроҷиати як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи муваққатии «Красное Село» -и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия қарор доранд, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова ҷиҳати гузаронидани санҷиши шароити буду боши шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳи мазкур нома фиристод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре маълум гардид, 29 августи имсол як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят кардаанд, ки  дар боздоштгоҳи муваққатии «Красное Село»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар шароити номуносиб қарор доранд.

Дар муроҷиати мазкур муҳоҷирони тоҷик зикр намудаанд, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ тақрибан 50 нафар буда, миёни онҳо калонсолон ва беморон низ ҳастанд. Онҳо гуфтаанд, ки сабаби дастгиршавиашон надоштани сабти ном (бақайдгирӣ) мебошад ва изҳор доштаанд, ки шароити хурду хӯрок, ҷои хоб номуносиб буда, ба онҳо ёрии тиббии дуруст расонида намешавад. Онҳо аз Ҳукумати кишвар хоҳиш кардаанд, ки ба онҳо ҳарчи зудтар кумак расонанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамтои худ хоҳиш кардааст, ки муроҷиати мазкурро зери назорат гирифта, аз натиҷаи он ба ӯ хабар расонад.

Ҳамзамон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, дархости пайгирии қазияро намуд, ки зимнан корманди созмони мазкур бо намояндагии Салиби Сурх дар Федератсияи Русия дар тамос шуд.

Пас аз тамос намояндагии Салиби Сурхи Федератсияи Русия маълумот дод, ки онҳо айни ҳол дар минтақаи мазкур мониторинги муассисаҳои пӯшидаро анҷом дода, дар ин раванд аз аҳволи муҳоҷирони тоҷике, ки дар боздоштгоҳи муваққатиянд, хабар гирифта, ба онҳо кумаки зарурӣ мерасонанд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд