Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар Узбекистон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мешавад, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 17 нафар бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов ба ин давлат сафарбар гардид, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ иштироки варзишгарон аз 9 давлат: Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Таиланд ва Малайзия дар назар аст.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон, сабқатҳо дар маҷмааи варзишии «Афросиёб Арена» доир мегарданд. Варзишгарон дар сабқатҳои дав ва майдонӣ ё техникӣ – ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулӯла, гурз миёни ҳам қувва месанҷанд.
Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи сеюми мусобиқа марҳилаи навбатии дави байналмилалии хайриявӣ «Save Aral 2022» доир хоҳад шуд. Беш аз 2000 иштирокчӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба буҳрони экологӣ дар атрофи баҳри Арал медаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати 4-уми кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон:
Бонувон
Кристина Пронженко (400м; 800м)
Раҷабмо Абдуллоева (5000м; 10000м)
Мавлуда Асламова (партоби гулӯла, партоби найза)
Муштарӣ Бодоқулова (партоби диск)
Мардҳо
Александр Пронженко (100м; 200м)
Абубакр Носиров (100м; 400м)
Фаворис Музрапов (100м; 200м)
Илдар Аҳмадиев (200м)
Ленид Пронженко (110м/монеа; 400м/монеа)
Муҳаммадризо Мирзозода (400м; 400м/монеа)
Ҳасан Кулов (800м; 1500м)
Меҳрубон Шамсиддинов (5000м; 10000м)
Зуҳуршоҳи Наҷмиддин (5000м; 3000м/монеа)
Меҳробҷон Одинаев (10000м; 3000м/монеа)
Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба бадандӣ)
Абдурауф Мусоев (партоби гулӯла ва гурз)
Зикрило Турахонов (партоби найза)
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






