Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук 8 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 8 медал – 3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо се ҷои ифтихориро варзишгарони мо сазовор шуданд. Фаворис Музрапов бо натиҷаи 21.75 сония ҷои аввал, Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 21.97 сония ҷои дуюм ва Александр Пронженко бо натиҷаи 22.17 сония ҷои сеюмро гирифтанд.
Медали дигари тиллоро Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.73 метр ба даст овард.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.50 медали нуқра, дар эстафетаи 4х400 метр бо натиҷаи 3:20.42 медали биринҷӣ, инчунин Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар дав ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 9:44.32 медали биринҷӣ ба даст оварданд.


Дар мусобиқа беш аз 300 нафар варзишгарон аз 9 давлат иштирок карданд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 15 нафар бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов дар он ширкат варзид.
АКС: КМО Тоҷикистон








Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд






