«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ташаббускорони иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» ба ноҳияи Ишкошим расиданд

Октябрь 12, 2022 10:08

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» баргузор гардида истодааст, ки дирӯз ташаббускорони он ба ноҳияи Ишкошим расиданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.

«Албом-Эстафета» аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ-и  ВМКБ Зунайда Раҷабова ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ба Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода тақдим карда шуд.

Ҳамчунин меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши китоб боздид ба амал оварданд.


Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ   доир шуд. Зимни он як гурӯҳ аъзои ҳизб барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо ифтихорномаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Акс: МИҲД Ишкошим

Октябрь 12, 2022 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд