БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Шурӯъ аз пагоҳ кӯдакони думоҳа бо вояи якуми ваксина бар зидди сирояти пневмококкӣ фаро гирифта мешаванд

Октябрь 31, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз пагоҳ, 1 ноябр, бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакони думоҳаи аҳолии кишвар бо вояи якуми ваксина бар зидди сирояти пневмококкӣ фаро гирифта мешаванд. Ин нукта имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш зикр гардид.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, солимии аҳолӣ мебошад ва муборизаву пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳое, ки тавассути эмкунӣ идора мешаванд, яке аз самтҳои асосии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳисоб мераванд. «Пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо эмкунӣ ва риояи ҳатмии эмгузаронии тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаи асосии соҳаи тандурустии мамлакат ба ҳисоб меравад»,-зикр намуд Н. Ҷаъфаров.

Иттилоъ дода шуд, ки дар саросари ҷаҳон сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, сироятёбӣ аз он боиси зиёдшавии бемориҳои вазнин, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктар, чун отити гӯши мина, синусит ва бронит мегарданд. Аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 500 ҳазор кӯдакони то-5 сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, алалхусус кӯдакони то 2-солае, ки дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ менамоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол, инчунин мавҷудияти ваксинаҳои муосиру бехатар тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкии конюгатсияшударо (ВПК) ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.

Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ қабул мекунанд. Таъкид гардид, ки шурӯъ аз пагоҳ, яъне 1 ноябр он кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи 1-ум вояҳои дуюм ва сеюми ин ваксинаро бояд аз рӯи муҳлатҳои дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустии кишвар Файзалӣ Саидзода зикр намуд, ки то ба имрӯз 161 кишвари олам ин ваксинаро истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати 162-юм ба шумор хоҳад рафт.

Ӯ иттилоъ дод, ки ба ҷумҳурӣ 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи 10-валентаи пневмококкии конюгатсияшуда (ВПК) «Синфлорикс» бар зидди сирояти пневмококкӣ ворид карда шудааст.

Мутахассисони соҳа итминони комил доранд, ки ҳама ваксинаҳо бехатар ва самаранок ҳастанд. Бо сари вақт гузаронидани эмкунӣ шаҳрвандони кишвар кӯдаконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд. Бо дасткашӣ аз эмгузаронӣ шаҳрвандон саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконашонро зери хатар мегузоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 31, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад