АҲСАН! Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Ереван сазовори ҳафт медал гардиданд

Октябрь 17, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи  тоҷик дар 3 рӯзи  ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон, ки дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид, ба гирифтани 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ноил гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи  сатҳи  ҷаҳонӣ 17 нафар намояндагӣ карданд, хабар додааст шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи аввали мусобиқот-  14  октябр  5 гӯштингири тоҷик — Зиёдуллои Сафаралӣ  дар вазни  то   46 кг, Бобоҷон Қодиров  дар вазни то 53 кг, Умар Нозимов  дар вазни то 58 кг, Муҳаммадамин Лоиқов  дар вазни то  64 кг  ва Аминҷони Абдулфайёз  дар вазни то  71 кг дар намуди самбои варзишӣ миёни наврасони 14-16-сола рақобат карданд. Аз миёни онҳо ду нафар — Муҳаммадамин Лоиқов ва Аминҷони Абдулфайёз ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд.

15  октябр, дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон  рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ доир гардиданд. Дар мусобиқаи наврасони 16-18-сола оид ба самбои варзишӣ Тоҷикистонро шаш варзишгар  намояндагӣ карданд: Муҳаммад Қурбонов дар вазни то  53 кг, Анушервон Назарзода дар вазни то 58 кг, Абдуллои Ориф  дар вазни то 64 кг, Бахтиёр Ғафуров  дар вазни то 79 кг, Аҳлиддин Мақсудов  дар вазни  то  88 кг  ва Муҳсин Маллаев  дар вазни то  98 кг намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо танҳо як нафар – Абдуллои Ориф соҳиби медал шуд. Ӯ дар вазни то 64 кило ба финал роҳ ёфт. Рақибаш Батдаваа Батҳуяг аз Муғулистон буд. Варзишгари  муғул ғолиб шуда, медали тилло гирифт. Абдулло бо медали нуқра сарфароз гардид. Мунарбек Бахтиёр Улу аз Қирғизистон ва Лука Гаделла аз Гурҷистон барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар  Ереван 14-15 октябр  мусобиқаи кадетҳо (писарон ва духтарон) оид ба самбои варзишӣ, инчунин рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни  ҷавонон  доир гардида, ғолибону ҷоизадорон дар 43 дараҷаи вазнӣ муайян шуданд. 16  октябр дар рӯзи охирини Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо варзишгарони навраси 23 кишвар барои 55 маҷмӯи медалҳо аз рӯи дараҷаҳои гуногуни вазнӣ рақобат карданд.

Дар рӯзи 3-юми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо- 16  октябр рақобатҳо миёни писарон ва духтарон дар ҳамаи дараҷаҳои вазнӣ доир гардиданд. Дар мусобиқаи  ҷавонони  18-20-сола оид ба самбои варзишӣ Тоҷикистонро Мусаниф Миробов  дар вазни  то  58 кг, Анис Субадоров  дар вазни  64 кг, Субҳиддин Халилзода  дар вазни  то 71 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода  дар вазни то 79 кг, Озодбек Назарбекзода дар вазни  то 88 кг  ва  Фарзиншоҳ Ҳусейнов  дар вазни +98 кг  намояндагӣ карданд. Миёни онҳо Фарзиншоҳ Ҳусейнов  дар вазни +98 кг тавонист, ки ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон соҳиб шавад. Субҳиддин Халилзода  дар вазни то 71 кг ба гирифтани медали нуқра ва Мусанниф Миробов  дар вазни то 58 кг, Анис Субадоров  дар вазни то 64 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), бори аввал дар таърихи мусобиқоти чемпионати ҷаҳон дар Ереван рақобатҳо оид ба самбои размӣ миёни  ҷавонон  доир гардиданд.

                                                                                        АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 17, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд