Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаи автомобилсозии Минск ва муассисаи БелАЗ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз корхонаи мошинсозии Минск /МАЗ/ ва корхонаи БелАЗ-и Беларус боздид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Директори генералии БелАЗ Сергей Никифорович меҳмонони тоҷикро бо фаъолияти корхона, сохтор ва иқтидори истеҳсолии он шинос намуд.
Шералӣ Кабир мошини худпартои барқии БелАЗ-7558Е-ро санҷида, ба он баҳои баланд дод. Ӯ ҳамзамон сатҳи пешрафтаи технологияҳои муосири дар корхона истифодашаванда, осон ва равон будани идоракунии чунин таҷҳизоти бузургро таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо ширкати БелАЗ намоишгоҳи корхонаҳои Беларус баргузор шуд. Парки техникаи истеҳсоли ин корхона дар Беларус мошинҳои худпартои зинаи хурд бо иқтидори борбардории 30-45 тонна, таҷҳизоти махсус барои истихроҷи ангишт, тилло ва алюминийро муаррифӣ мекунад.
Бо назардошти афзоиши ҳаҷми истихроҷи маъдан, инчунин тарҳҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ барои ба Тоҷикистон фиристодани мошинҳои боркаши «БелАЗ» дурнамои хубу мусоид ба вуҷуд меояд.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари хайати Тоҷикистон ба Беларус харитаи роҳ барои рушди ҳамкорӣ таҳия шавад.
АКС: Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон










Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






