Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 26-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок дорад

Октябрь 19, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи 26-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) оғоз шуд, ки дар он Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Абдулло Раҳмонзода ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагон аз 204 кумитаи миллии олимпӣ ширкат доранд.

Иҷрокунандаи президенти ANOC Робин Митчел дар суханронии ифтитоҳӣ, аз ҷумла гуфт, ки «мо бояд дар хотир дорем, ки варзиш қудрати беҳамто дорад: одамонро ба ҳам мепайвандад, монеаҳоро дур мекунад, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Мо борҳо дидаем, ки чӣ гуна варзиш метавонад ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ мусоидат кунад ва ҳамаи моро ташвиқ кунад, ки беҳтарин бошем. Мо дидем, ки ҷаҳони варзиш дар арзишҳои муштараки худ муттаҳид мешавад ва тавре ки президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфтааст, варзиш ба сулҳ имкон медиҳад”.Давоми ду рӯз иштирокчиён ҳамчунин гузоришҳои котиби генералии ANOC, Комиссияи ҳуқуқи ANOC, Комиссияи молия ва аудити ANOC, Комиссияи мусобиқаҳои ANOC, Бозиҳои соҳилии ҷаҳон-2023, Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA), Агентии байналмилалии ташхисӣ (ITA), Суди арбитражи байналмилалӣ, гузориши ниҳоии Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, гузоришҳои Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон – Гангвон-2024, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии Милан/Кортина-2026, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро хоҳанд шунид.

Дар ҷаласа Нақшаи стратегии ANOC барои солҳои 2021-2024 тасдиқ шуда, президент ва ноиби аввали президенти ANOC барои давраи нав интихоб мегарданд.

Рӯзи сеюм дар сессияҳо масъалаҳои муҳими соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ баррасӣ мешаванд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 19, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд