Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи 41-уми генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Камбоҷа иштирок намуд

Октябрь 6, 2022 08:36

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа ҷаласаи Ассамблеяи 41-уми генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо шумули  ноиби Президент Дилшод Назаров ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КМО Тоҷикистон хабар доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ 400 нафар вакилони Ассамблеяи генералии ОСА-ро истиқбол кард.

Раҷа Рандхир гуфт, ки дидани шумораи зиёди намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори олимпӣ дар Ассамблеяи генералӣ пас аз ду соли пандемия «хушнудии бузург» аст.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA бо ишора ба санаи як сол ба таъхир афтодани Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 гуфт, ки «мо интизори ҳаяҷон ва ваҳдате ҳастем, ки Бозиҳои Осиё дар қора ва дар саросари ҷаҳон эҷод мекунанд».

Раҷа Рандхир гуфт, ки ҷунбиши варзишии Осиё аз пандемия қавитар шудааст ва минбаъд низ варзишгаронро дар омодагӣ ба бозиҳои маҷмӯии варзишӣ, бахусус Бозиҳои осиёӣ дар ҷои аввал мегузорад. Вай инчунин Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ва Кумитаи олимпии Чинро барои талошҳои пайвастаашон тайи солҳои пандемия табрик гуфта, илова кард, ки 54 макони мусобиқаҳо барои Бозиҳои 19-уми Осиё омодаанд.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар Ассамблеяи 41-уми генералии Шӯрои олимпии Осиё тавассути паёми видеоӣ гуфт, ки Осиё таърихи олимпӣ ва варзишро эҷод кардааст.

Вай ба вакилони Ассамблеяи генералӣ гуфт: «Бо давраи бесобиқаи осиёии се нашри пайдарпайи Бозиҳои олимпӣ, ки ҳоло дар паси мо қарор дорад, ҷомеаи олимпии тамоми Осиё метавонад ба қафо бо ифтихори бузург нигоҳ кунад. Аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчан-2018 сар карда, то Бозиҳои олимпии мавқуфгузоштаи Токио-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 шумо воқеан гуфта метавонед, ки Осиё таърихи варзишро навишт, Осиё таърихи олимпиро навишт. Бинобар ин ман мехоҳам барои саҳми бузургатон дар муваффақияти ин давраи барҷастаи олимпии Осиё изҳори сипос кунам”.

Томас Бах ҳамчунин аз аҳамияти варзиш дар ташаккули ҷомеа, бахусус дар ҷаҳони пас аз пандемия сухан гуфт.

«Новобаста ба он ки мо бо кадом монеаҳо рӯ ба рӯ шавем, мо метавонем танҳо тезтар пеш равем, баландтар ҳадаф гирем ва қавитар шавем, агар дар ҳва ҷангҳо мо ба қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ниёз дорем, то арзишҳои олимпии сулҳ ва ҳамбастагиро беш аз пеш тарғиб кунад”.

Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масъалаҳои ҳаракати олимпии қораи Осиё баррасӣ шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 6, 2022 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд