Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии Федералии Маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Федератсияи Россия дидан намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани давраи махсуси омӯзишӣ дар масъалаҳои ғизо (диетология) ба Федератсияи Россия сафарбар гардид.
Ҳамчунин дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон бо директори Муассисаи давлатии федералии маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Федератсияи Россия, академик Дмитрий Никитюк, сардиетологи Федератсияи Россия, академик Виктор Тутелян ва ҳайати профессорону мутахассисон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони Тоҷикистон зикр намуданд, ки масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






