Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Октябрь 6, 2022 11:18

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии Федералии Маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Федератсияи Россия  дидан намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани давраи махсуси омӯзишӣ дар масъалаҳои ғизо (диетология) ба Федератсияи Россия сафарбар гардид.

Ҳамчунин дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон бо директори Муассисаи давлатии федералии маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Федератсияи Россия,  академик Дмитрий Никитюк, сардиетологи Федератсияи Россия, академик Виктор Тутелян ва ҳайати профессорону мутахассисон вохӯрӣ намуда,  масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Намояндагони Тоҷикистон зикр намуданд, ки масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 6, 2022 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд