Аз 21 октябр фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари вилояти Суғд дар терминали «Чорбоғ» ба роҳ монда мешавад

Октябрь 21, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 21 октябр фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тавассути роҳи мошингарди минтақаи шимоли пойтахт бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали «Чорбоғ» муайян гардидааст. Дар ин бора қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ба ин хотир нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, 19 ва хатсайрҳои автобусии №3, 29 ва 41 терминали мазкур  муқаррар карда шудааст.

Аз ин лиҳоз аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин  ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд аз хизматрасонии терминали муосири «Чорбоғ» истифода намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 21, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?