Ба сокинони шаҳри Истаравшан клиникаи сайёр хизмат мерасонад
СУҒД, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти клиникаи сайёр шинос гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри мазкур.
Аз ҷониби филиали ширкати «Нормека Интернешнл AС» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Барномаи «Фаёл Хайр» вобаста ба маҷмӯи клиникаҳои тиббии сайёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ фаъолияти хизматрасониҳои тиббии ройгон ба роҳ монда шудааст.
Филиали ширкати «Нормека Интернешнл AС» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати шоҳигарии Норвегия буда, ҳамчун пудратчӣ аз тарафи Бонки исломии рушд интихоб гардидааст.
Филиали Ширкати «Нормека Интернешнл АС» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба муддати се моҳ хизматрасонии ройгон ба роҳ монда, тибқи лоиҳа, муддати панҷ соли оянда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи «Фаёл Хайр» вобаста ба маҷмӯи клиникаҳои тиббии сайёр фаъолият менамояд.
Тибқи иттилои масъулин, ҳамарӯза аз 80 то 100 нафар сокинони шаҳри Истаравшан аз хизматрасонии клиникаи сайёр истифода карда истодаанд. Хизматрасонӣ тавассути роҳхати Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва муроҷиати бевоситаи шаҳрвандон амалӣ шуда, хизматрасонию таъминот бо доруворӣ пурра ройгон мебошад.
Клиникаи сайёр дар ҳудуди автовокзали шаҳри Истаравшан, дар деҳоти Зарҳалол ҷойгир шуда, ҳамарӯза фаъолият дорад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан










Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






