Бо гузашти 15 сол дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бар дастаи миллии Туркманистон бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуд. Даста дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби мо Идрис Ёров 4 гол, Файзалӣ Сардоров ду гол, Муҳаммадҷон Шарипов як гол ва як голи дигарро футболбозони туркман ба дарвозаи дастаашон заданд.
Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» — дастаи футзали Таиланд бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо 4 октябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» дастаи Узбекистон бар дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард. Ҳарифаш дар чорякфинал дастаи футзали Кувайт мебошад, ки дар гурӯҳи «А» ҷои дуюмро гирифт.
Қобили зикр аст, ки дастаи миллии футзали Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






