Бо гузашти 15 сол дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё баромад

Октябрь 3, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бар дастаи миллии Туркманистон бо ҳисоби 8:5 пирӯз шуд. Даста  дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби мо Идрис Ёров 4 гол, Файзалӣ Сардоров ду гол, Муҳаммадҷон Шарипов як гол ва як голи дигарро футболбозони туркман ба дарвозаи дастаашон заданд.

Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» — дастаи футзали Таиланд бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо 4 октябр, соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» дастаи Узбекистон бар дастаи Баҳрайн бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард. Ҳарифаш дар чорякфинал дастаи футзали Кувайт мебошад, ки дар гурӯҳи «А» ҷои дуюмро гирифт.

Қобили зикр аст, ки дастаи миллии футзали Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд.

Акс: ФФТ

Октябрь 3, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид