Бори аввал аз моҳи майи соли 2020 дар ҷаҳон камтар аз 50 ҳазор нафар бар асари COVID-19 фавтиданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи дуюм аст, ки сатҳи сироятёбӣ аз бемории коронавирус дар ҷаҳон пайи ҳам коҳиш меёбад. Чунин маълумотро хабаргузории ТАСС пешниҳод мекунад. Таҳлили вазъ нишон медиҳад, ки дар баъзе давлатҳои осиёӣ суръати паҳншавии сироят якбора коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин афзоиши он дар қисмати аврупоӣ ба қайд гирифта мешавад. «Бар замми ин бори аввал аз моҳи майи соли 2020 дар ҷаҳон дар як моҳ камтар аз 50 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар муқоиса бо моҳи август мизони фавт 1,7 маротиба кам шудааст», — омадааст дар гузориш.
Дар айни замон дар Ҷопон бартарии эпидемиологӣ аз рӯи шумораи мубталоён ба коронавирус нигоҳ дошта мешавад. Зимнан моҳи сентябр дар он ҷо 2,4 миллион ҳолат ошкор шудааст. Ин назар ба моҳи август 2,5 баробар кам аст.
Ҷумҳурии Корея ва Россия дар ҷои дуюми раддабандии эпидемиологӣ қарор доранд, ки шумораи гирифторони онҳо тақрибан 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Инчунин дар Ҷумҳурии Корея мизони беморӣ ду баробар коҳиш ва дар Россия 1,6 баробар афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад агентии иттилоотӣ.
Дар ҷои сеюм Олмон аст. Дар моҳи сентябр 1,2 миллион ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин назар ба охири тобистон қариб 70 фоиз зиёд аст.
Сатҳи фавт низ коҳиш меёбад. Ҳамчунин панҷяки ҳамаи фавтидагон бар асари коронавирус дар моҳи сентябр ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост меояд.
АКС: realnoevremya.ru/Максим Платонов (бойгонӣ)








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






