ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ДЗЮДО. Темур Раҳимов қувваозмоиро барои медали биринҷӣ идома медиҳад

Октябрь 12, 2022 14:24

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик  Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд аз намояндаи Ҷопон Сайто Татсуро мағлуб шуда, қувваозмоиро барои дарёфти медили биринҷӣ идома медиҳад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд ва дар даври дуюм  намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.

Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон дзюдочии фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод.

Темур дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ  Минйонг Кими пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт.

Барои дарёфти медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бо намояндаи Гурҷистон Гурам Тушишвили қувваозмоӣ мекунад.

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Октябрь 12, 2022 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе