ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо оғоз мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегардад. Дар чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Тошканд 9 паҳлавони шинохта намояндагӣ мекунанд. Дар вазни то 66 кг — Эмомалии Нуралӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Эмомалӣ дар даври аввал озод буда, дар даври 2-юм бо варзишгари кубагӣ – Орландо Поланко қувва месанҷад.
Дар вазни то 73 кг 51 варзишгар барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ миёни ҳам мубориза мебаранд. Тоҷикистонро дар ин вазн Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ мекунанд. Муҳаммадраҳим Сарахонов шомили зергӯри «А» буда, дар даври аввал бо Нилс Стумп аз кишвари Швейтсария рӯи татамӣ мубориза мебарад. Беҳрӯз Хоҷазода бо варзишгари фаронсавӣ Аксус Бенҷамин дар даври аввал вомехӯрад.
47 дзюдочӣ дар вазни то 81 кг номнавис шудаанд. Дар ин вазн Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд. Шодмон дар даври аввад озод буда, дар даври дуюм бо Ашраф Моутил аз кишвари Марокаш қувва месанҷад. Сомон дар даври аввал бо Франкойс Гаузейр аз Канада рӯ ба рӯ мешавад.
Дар вазни то 90 кг 49 варзишгар ширкат меварзанд. Дар ин вазн Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов аз Тоҷикистон ширкат меварзанд. Комроншоҳ дар даври аввал бо варзишгари булғорӣ Ивайло Иванов рақобат мекунад. Ҷаҳонгир дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Станислав Гунченко аз Украина ва Милан Рандл аз Словекия сабқат мекунад.
Дар вазни то 100 кг кишвари моро Абубакри Акобир муаррифӣ мекунад. Абубакр дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари номвари испанӣ Николоз Шеразадашвили қувваозмоӣ мекунад.
Миёни сангинвазнҳо (+100 кг) паҳлавони бомаҳорати тоҷик Темур Раҳимов ягона намоянда аз кишварамон аст. Темур дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Мариус Физел аз Словекия ва Кристиан Коновал аз ИМА вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 13 октябр шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон мегардад.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






