ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Дар Тошканд рӯзи дуюми қувваозмоиҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Тошканд паҳлавонон дар ду вазн -57 кг бонувон ва -73 кг мардон рақобатҳоро оғоз карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тоҷикистонро дар вазни -73 кг Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ карданд.
Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал аз варзишгари Шветсария Нилс Стампи мағлуб шуд ва аз ҳуқуқи идомаи мусобиқа бенасиб монд. Сарахонов дар раванди рақобат аз ҷониби довар бо 3 шидо барои камфаъолӣ танбеҳ гирифт ва ҳамин боис гардид, ки ғалаба насиби Нилс Спамп гардад.
Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал намояндаи Фаронса Аксус Бенҷаминро мағлуб карда, ба даври дигар роҳ ёфт. Дар ин давр Беҳрӯз Хоҷазода аз варзишгар аз Молодва Виктор Стерпу мағлуб шуд ва аз ҳуқуқи идомаи мусобиқа бенасиб монд.
7 октябр дар вазни то 66 кг Тоҷикистонро Эмомалии Нуралӣ намояндагӣ кард. Ӯ дар даври аввавл озод буд, дар даври 2-юм варзишгари кубагӣ Орландо Поланкоро мағлуб кард. Дар даври баъдӣ варзишгари мо бо 3 шидо аз чемпиони секарата Ҳифумӣ Абеи ҷопонӣ мағлуб шуд.
Ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 9 паҳлавони шинохта: Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода ҳамроҳ бо Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев бо Сомон Маҳмадбеков, ҳарду дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг намояндагӣ доранд.
Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон, инчунин рақобати даставии омехта сурат мегирад. Тибқи низомнома, рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон доир мегарданд. Рақобати даставии омехта дар рӯзи охир ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Чемпионат дар баробари медал бо ҷоизапулӣ низ қадрдонӣ мешаванд.
Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26 000 евро, барои ҷои дуюм 15 000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта ба ғолиб 90 000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60 000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25 000 евроӣ тақдим хоҳад шуд.
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
Ғолибони чемпионат ба ҳолати 7 октябр:
Вазни -60 кг, мардон
1.Наоҳиса Такато (Ҷопон)
2.Аруинболд Энхтайван (Муғулистон)
3.Йелдос Сметов (Қазоқистон)
3.Янг Юнг Вей (Тайпеи Чин)
Вазни -48 кг, бонувон
1.Натсуми Тсунода (Ҷопон)
2.Катарина Менз (Олмон)
3.Ассунта Скутто (Италия)
3. Абиба Абужакюнова (Қазоқистон)
Вазни -66 кг, мардон
1.Ҳифумӣ Абе (Ҷопон)
2.Ҷоширо Мараюма (Ҷопон)
3.Денис Вийеру (Молдова)
3.Баул Ан (Кореяи Ҷанубӣ)
Вазни -52 кг, бонувон
1.Ута Абе (Ҷопон)
2.Челсие Гелас (Британияи Кабир)
3.Амандайн Бучард (Фаронса)
3.Дистриа Красники (Косово)









«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






