ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶИУ-ҶИТСУ. Дар он ҳашт нафар варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 18 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мегардад, хабар дод президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи навтаъсиси ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон 22-23 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор гардида буд. Дар чемпионати мазкур варзишгарон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок варзида, миёни ҳам рақобат намуданд.
Ҳамчунин аз миёни варзишгарон беҳтаринҳо интихоб гардида, таҳти роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комил Боймуродов дар чемпионати ҷаҳон, ки аз 8 то 18 ноябр дар шаҳри Абузабӣ доир мегардад, иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Ба иттилои президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода, дар ин мусобиқа 8 варзишгар: Султон Азаматов бо Абубакр Давлатов дар вазни 27 кг, Мунис Давлатов дар вазни 30 кг, Маҳмуродов Шаҳром бо Ҷовид Умаров дар вазни 56 кг, Муҳаммад Аскардаев дар вазни 66 кг, Сулаймон Саъдуллоев дар вазни 69 кг ва Абдураҳмони Баҳром дар вазни 77 кг иштирок мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






