Дар Қазоқистон номзади дуюм дар интихоботи президентӣ сабти ном шуд

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ)-и Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи шанбеи 15 октябр иқтисоддон Мейрам Кажикенро ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботе, ки охири моҳи ноябр доир мешавад, сабти ном кард. Дар ин бора раиси КМИ Нурлан Абдиров хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
«КМИ Мейрам Кажикенро ба унвони номзад ба мақоми президенти Ҷумҳурии Қазоқистон сабти ном кард», — гуфт ӯ.
Кажикен шумораи зарурии имзоҳои боэътимод (беш аз 120 000)-ро дар 14 минтақаи кишвар ба тарафдории худ ҷамъ овард, инчунин маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳоеро, ки барои сабти номи ӯ ба номзадии мақоми президентӣ халал мерасонанд ва маълумотнома оид ба даромад ва уҳдадориҳо дар назди мақомоти андозро пешниҳод кардааст. Номзад ба мақоми олии давлатӣ бояд ба ҷонибдории худ 118 ҳазору 273 имзо ҷамъоварӣ мекард.
КМИ ҳамчунин тасмим гирифт, ки дар бораи сабти номи номзад ба Ҷамъияти саҳомии “Бонки амонатгузории мардумӣ” барои кушодани суратҳисоби махсуси муваққатӣ маълумот пешниҳод кунад ва ҳамчунин дар бораи сабти ном шудани ӯ ба мақоми президентӣ дар ВАО хабар нашр кунад. Зимни ҷаласа Абдиров ба Кажикен шаҳодатномаи номзадӣ супорид.
Мейрам Кажикени 61-сола Институти тадқиқоти иқтисодии Маҷмааи байналмилалии илмии “Остона”-ро роҳбарӣ менамояд. Ӯро ҳамчун номзад Ҷамъияти иттифоқҳои касабаи Қазоқистон «Аманат» пешбарӣ кардааст.
Аввалин номзади ба қайд гирифта дар интихобот роҳбари кунунии давлат Қосим-Жомарт Токаев гардид. Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр баргузор мешавад. Мувофиқи қонунгузорӣ номзадҳоро иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ пешбарӣ мекунанд. Ин тартиб 23 сентябр оғоз шуда, то 11 октябр идома кард. Бақайдгирии довталабон 21 октябр ба анҷом мерасад, маъракаи интихоботӣ то 18 ноябр идома мекунад.
Рӯзи хомӯшӣ 19 ноябр хоҳад буд.
АКС: АБИ “Казинформ”