Дар Боку масъалаи баргузории Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти муштараки сеҷонибаи Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ, сафири Шоҳигарии Нидерланд Паулин Айземан ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Владанка Андреева бо вазири экология ва захираҳои табиии ин кишвар Мухтар Бабаев баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои байналмилалии оби Тоҷикистон, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022, ш. Душанбе)-ро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон омодагии худро барои ҳамкории фаъолона бо СММ ва кишварҳои ҳамраис ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси дарпешистодаи об изҳор намуда, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бахшида ба Конфронси дарпешистодаи об дар Ню Йорк якчанд чорабиниҳои муштарак баргузор карда шаванд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






