Дар Душанбе филми ҳуҷҷатии «Бузи пармашох» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми ҳуҷҷатии «Бузи пармашох» бо иштироки масъулон, мутахассисон ва дигар кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишвар муаррифӣ гардид.
Филми мазкур дар доираи ҳамкории муштараки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» дар Мамнӯъгоҳи давлатии тиббии «Даштиҷум» ба навор гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин филми ҳуҷҷатӣ мақоми ҳифз, паҳншавӣ, муҳити сукунат, саршумор, хусусияти биологӣ, омилҳои маҳдудкунанда, парвариш дар шароити сунъӣ ва тадбирҳои ҳифзи бузи пармашох (морхӯр) мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шудаанд.
Бузи пармашох аз ҷумлаи ҷонварони нодири кӯҳистони Тоҷикистон аст, ки ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» шомил гардидааст.
Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи он баҳри ҳифзу афзунгардонии ин намуди нодир дар шароити табиати кӯҳистон тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






