Дар маркази ноҳияи Шуғнон сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз ёфт

Октябрь 2, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ бо арзиши лоиҳавии беш аз 2 миллион сомонӣ доман густурда, мутобиқи нақша соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Маблағгузории ин иншооти муҳими ноҳияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд. Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Маҳз шинохти суннати парчамдорӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, эҳтирому гиромидошти онҳо ҳамагонро водор месозанд, ки ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи Ватан беш аз пеш заҳмат кашем, зираку ҳушёр бошем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон содиқона хизмат кунем.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли 2021 дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ҳамчунин ба корҳои бунёди майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия оғоз бахшиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Октябрь 2, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад