ДАР НАТИҶАИ ФУРӮ РАФТАНИ ПУЛ ДАР ҲИНДУСТОН 90 НАФАР БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД. Зиёда аз 100 нафар бенишон шудаанд

Октябрь 31, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 30 октябр, пули пиёдагард дар болои дарёи Мачҳу дар ғарби Ҳиндустон фурӯ рафт. Дар болои он тақрибан 500 нафар буданд. Зиёда аз 350 нафари онҳо ба об афтодаанд. Дар натиҷаи фурӯпошии пул қариб 90 нафар ба ҳалокат расида, 100 нафари дигар бенишон гардидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи NDTV хабар медиҳад.

Мақомот зиёд шудани теъдоди қурбониёнро истисно намекунанд ва амалиёти наҷот шабона низ идома хоҳад кард. Пул пас аз таъмир 26 октябр мавриди истифода қарор гирифт, аммо ҳамоно “шаҳодатномаи коршоямӣ”-и коммуналӣ нагирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, амалиёти наҷот бо сабаби торикӣ ҳам қатъ намешавад. Ба ҷои ҳодиса Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Амит Шоҳ ва сарвазири Гуҷарот Бҳупендра Пател рафтанд.

Тибқи маълумоти охирин, зимни фурӯрезии пул 91 нафар ҳалок шуда, 70 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аксари фавтидагон занону кӯдакон ва пиронсолонанд. Ҳангоми фурӯравӣ дар болои пул тақрибан 500 нафар будаанд. Бештари онҳо тавонистаанд мустақилона худашонро наҷот диҳанд.

«Вақте ки пул ногаҳон фурӯ рафт, дар болои он издиҳоми зиёди одамон буданд. Ман зинда мондам, зеро ресмони овезонро дошта, оҳиста ба боло баромадам. Аммо падар ва модарам бедараканд”,- нақл кард кӯдаки 10-сола ба хабарнигорони NDTV.

Фоҷиа дар пули пиёдагарди овезони Морби, ки беш аз 100 сол пеш сохта шуда буд, рух додааст. Аз моҳи март инҷониб он дар ҳоли навсозӣ  қарор дошт ва ҳамагӣ чор рӯз пеш ба истифода дода шуд

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ аз пардохти 2 миллион рупий (ҳудуди 24 000 доллар) ба наздикони қурбониён ва 50 000 рупий (ҳудуди 600 доллар) ба  шахсони  ҷароҳатбардошта хабар дод. Ӯ изҳор дошт, ки амалиёти наҷотро шахсан таҳти назорат қарор додааст.

Гуҷарот иёлати насабии нахуствазири Ҳинд аст, ки фаъолияти сиёсии худро аз онҷо оғоз кардааст. Ӯ пас аз фурӯпошии пули Морби, ки дар сафари серӯза дар иёлатҳои Гуҷарот ва Раҷастан қарор дошт, тасмим гирифт ҳама чорабиниҳои оммавиеро, ки 31 октябр бо иштироки ӯ пешбинӣ шуда буданд, лағв намояд.

АКС: usatoday.com

Октябрь 31, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид