Дар Суғд дар самти содироти гӯшту тухми паранда қадамҳои аввалин гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд 792,7 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378,0 млн. доллар ё 1,9 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар 9 моҳи соли 2022 ба миқдори 10,9 млн. дона тухм ва 23 тонна гӯшти мурғ содирот шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
«Дар натиҷаи татбиқи самараноки барномаҳо дар самти рушди содирот ва тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин, дастрасӣ пайдо намудани соҳаи парандапарварӣ ба имтиёзҳои иловагӣ, воридоти гӯшту тухми паранда бамаротиб коҳиш ёфта, соли равон қадамҳои аввалин дар самти содироти ин намудҳои маҳсулот гузошта шуданд»,- гуфта шуд дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2022, ки 11 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Тазаккур дода шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 16,85 млн. доллари ИМА 1089 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 2,28 млн. доллари ИМА ва 186 тоннаро дар бар мегирад. Илова бар ин, дар ин давра ба маблағи 1,7 млн. доллар 516 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 171,75 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 118,4 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 153,15 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,6 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд









Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






