ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 100 нафар ҷавонони шарафманди ноҳияи Ашт ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шомил шуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 октябр дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли равон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 -2004» 100 нафар ҷавонони меҳанпарасту шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гардиданд.
Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозон, падару модарони навдаъватшавандаҳо ширкат намуданд.
Роҳбари ноҳия баён дошт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Ҷавонони мо дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Модари даъватшаванда Мунира Сатторова аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон иброз намуд, ки «имрӯз мо, модарон бояд бо амри дил ва сари баланд ба фарзандони худ баҳри ҳимояи марзу буми Ватан дуо диҳем, то онҳо қарзи фарзандии хешро содиқона иҷро намоянд».
Аз тарафи Раиси ноҳияи Ашт ба як гурӯҳ фаъолон ва падару модарон сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Дар хатми маросим барномаи хуби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия













Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






