ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 60 нафар ҷавонони Файзобод ба сафи муҳофизони Артиши миллӣ пайвастанд
ФАЙЗОБОД, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод маросими Рӯзи даъватшаванда бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, 60 нафар ҷавонони синни даъватӣ бо дуои неки падару модарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода дар ҷамъомад ба даъватшавандагон муроҷиат намуда, гуфт, ки «хизмат ба Ватан — Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорати мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд. Имрӯз ба шумо, ҷавонони соҳибиродаи ватан шарафи бузург аст, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳифз менамоед. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии мамлакатро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии шумо мебинанд. Итминон дорем, ки қарзи худро дар назди Модар — Ватан бо сари баланд адо менамоед».
Хурсандиовараст, ки имсол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 42 нафар ва аз ҳисоби Вазорати мудофиа 10 нафар ҷавонони синни даъватӣ курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд.
Падари яке аз давъватшавандагон Ибодулло Ёров иброз намуд, ки “солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Ҳамчун падар дарк менамоям, ки ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд ва ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард аст”.



Аскарбача Муҳиддин Мақсудов гуфт, ки «мо пайравони Пешвои миллатем. Ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти мардуми мамлакати азизамонро вазифаи муқаддаси худ медонем ва чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастии хешро ба ҳифзи Ватан мебахшем».
Дар анҷоми маросим модарони аскарбачагон маросими кулчагазон доир намуда, дар барномаи ҳунарӣ бо фарзандонашон хушҳолӣ карданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






