ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 60 нафар ҷавонони Файзобод ба сафи муҳофизони Артиши миллӣ пайвастанд

Октябрь 6, 2022 14:30

ФАЙЗОБОД, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод маросими Рӯзи даъватшаванда бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, 60 нафар ҷавонони синни даъватӣ бо дуои неки падару модарон  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Раиси ноҳияи Файзобод  Бобишо Холзода  дар ҷамъомад ба даъватшавандагон муроҷиат намуда, гуфт, ки «хизмат ба Ватан — Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорати мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд. Имрӯз ба шумо, ҷавонони соҳибиродаи ватан  шарафи бузург аст, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳифз менамоед.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии мамлакатро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии шумо мебинанд. Итминон дорем, ки қарзи худро дар назди Модар — Ватан бо сари баланд адо менамоед».

Хурсандиовараст, ки имсол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 42 нафар  ва аз ҳисоби Вазорати мудофиа 10 нафар ҷавонони синни даъватӣ курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро  хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд.

Падари яке аз давъватшавандагон Ибодулло Ёров  иброз намуд, ки “солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавонони  ихтиёрӣ, ки  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ  мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Ҳамчун падар дарк менамоям, ки  ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд ва ба хубӣ дарк  намудаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард аст”.


Аскарбача Муҳиддин Мақсудов  гуфт, ки «мо пайравони Пешвои миллатем. Ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти мардуми мамлакати азизамонро вазифаи муқаддаси худ медонем ва чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастии хешро ба ҳифзи Ватан мебахшем».

Дар анҷоми маросим модарони аскарбачагон маросими кулчагазон доир намуда, дар барномаи ҳунарӣ бо фарзандонашон хушҳолӣ карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Октябрь 6, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст