ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба 62 фоиз баробар гардид

Октябрь 24, 2022 08:46

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 октябри соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои он дар ҷумҳурӣ 62 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Дар маҷмӯъ, аз 1 то 20 октябри соли 2022 зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аллакай даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намудаанд.

Давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро ба 70 фоиз баробар намудаанд.

Тавре қаблан хабар додем, бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Бо ҳамин тартиб даъвату гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе 67 фоиз, дар вилояти Хатлон 63 ва дар вилояти Суғд 50 фоизро ташкил медиҳад.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Октябрь 24, 2022 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид