ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Латиф Холиқов, падари наваскар: «Ифтихор мекунам, ки фарзандонам ба сафи муҳофизони Ватан пайвастаанд»
ТУРСУНЗОДА, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳамоиши тантанавӣ дар шаҳри Турсунзода ба муносибати озими хизмат намудани 120 нафар ҷавонон—ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар ҷавононе, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа курсҳои ронандагиро гузашта буданд, шаҳодатномаҳо супорида шуданд, иттилоъ доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Зимни маросим Латиф Холиқов, падари даъватшаванда Нормаҳмад Холиқов ба наваскарон ва волидони онҳо рӯ оварда, гуфт, ки «таъмини ҳаёти осоишта бар дӯши Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Аз ин рӯ ман ифтихор мекунам, ки имрӯз фарзандам ба сафи муҳофизони ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд.
«Фарзанди калонии ман Миралӣ Ҳалимов дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хизмати ватанро адо менамуд ва мутаассифона, дар ҳамлаи мусаллаҳони ҳарбиёни қирғиз ҷароҳати вазнин бардошт. Имрӯзҳо писари ман дар беҳтарин шароит табобат ёфта истода, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Сарбози шуҷои Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд. Ин ба ман рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва имрӯз фарзанди хурдиямро бо дуои неки падарона ба артиши миллӣ сафарбар намудам. Чунки ҷавонон имрӯз бояд ватани азизамонро аз душман ҳифз кунанд. Аз ин рӯ аз шумо хоҳиш менамоям, ки фарзандонатонро аз хизмати ҳарбӣ нагурезонед, барои ҳифзи номуси худатон ба Артиши миллӣ фиристонед, то ин ки аз мактаби мардонагию шуҷоату ватандӯстӣ гузашта, дар оянда муҳофизи Модар-Ватани худ бошанд», -тазаккур дод ӯ.



Ҳамзамон намоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ ба маъракаи гусели наваскарон шукӯҳи идона бахшида, бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки модарон, ки минбаъд ҳомию сипари боэътимоди Ватан гарданд, наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон шуданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «хизмат ба ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас, қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад. Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар ҷавон аст. Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад».
Тибқи иттилои комиссари ҳарбии шаҳри Турсунзода Ҳасанҷон Файзулозода, имрӯзҳо аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа 130 нафар ҷавонон шуғли ронандагӣ омӯхта истодаанд, ки то охири муҳлати даъвати ҳарбӣ ҳамаи онҳо ба сафи артиши миллӣ шомил мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






