ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Латиф Холиқов, падари наваскар: «Ифтихор мекунам, ки фарзандонам ба сафи муҳофизони Ватан пайвастаанд»

Октябрь 6, 2022 10:02

 ТУРСУНЗОДА, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳамоиши тантанавӣ дар шаҳри Турсунзода ба муносибати озими хизмат намудани 120 нафар ҷавононихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар ҷавононе, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа курсҳои ронандагиро гузашта  буданд, шаҳодатномаҳо супорида шуданд, иттилоъ доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Зимни маросим Латиф Холиқов, падари даъватшаванда  Нормаҳмад Холиқов ба наваскарон ва волидони онҳо рӯ оварда, гуфт, ки «таъмини ҳаёти осоишта бар дӯши Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Аз ин рӯ ман ифтихор мекунам, ки имрӯз фарзандам ба сафи муҳофизони ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд.

«Фарзанди калонии ман Миралӣ Ҳалимов дар  сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон  хизмати ватанро адо менамуд ва мутаассифона, дар ҳамлаи мусаллаҳони ҳарбиёни  қирғиз ҷароҳати вазнин бардошт. Имрӯзҳо писари ман  дар беҳтарин шароит табобат ёфта истода,  аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо медали “Сарбози шуҷои Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд.  Ин ба ман рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва имрӯз  фарзанди хурдиямро бо дуои неки падарона ба артиши миллӣ сафарбар намудам. Чунки ҷавонон имрӯз бояд ватани азизамонро аз душман ҳифз кунанд. Аз ин рӯ аз шумо хоҳиш менамоям, ки фарзандонатонро аз хизмати ҳарбӣ   нагурезонед, барои ҳифзи номуси худатон ба Артиши миллӣ  фиристонед, то ин ки аз мактаби мардонагию шуҷоату ватандӯстӣ гузашта, дар оянда муҳофизи Модар-Ватани худ бошанд», -тазаккур дод ӯ.


Ҳамзамон намоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ ба маъракаи гусели наваскарон шукӯҳи идона бахшида, бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки модарон, ки  минбаъд ҳомию сипари боэътимоди Ватан гарданд,  наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон  шуданд. 

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «хизмат ба ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас, қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад. Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат,  шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии  ҳар ҷавон аст. Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба ватан  ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир  эмин нигоҳ медорад».

Тибқи иттилои комиссари ҳарбии шаҳри Турсунзода Ҳасанҷон Файзулозода,  имрӯзҳо аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа  130 нафар ҷавонон шуғли ронандагӣ омӯхта истодаанд,  ки то охири муҳлати даъвати ҳарбӣ ҳамаи онҳо ба сафи артиши миллӣ шомил мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Октябрь 6, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид
Дар Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат 7 даста аз давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Вобаста ба малакаи амалии кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд