ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳру ноҳияҳои Данғара, Вахш, Фархор ва Норак аввалин шуда, ин маъракаи сиёсиро ба анҷом расониданд

Октябрь 3, 2022 14:44

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз вилояти Хатлон 1400  нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳӣ шаҳру ноҳияҳои Данғара, Вахш, Фархор ва Норак даъвати наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аввалин шуда, ба анҷом расониданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Маросими гусели даъватшудагон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар он Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода,  муовини Вазири мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ доир ба шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ Абдусаттор Шоҳиён, падару модарон ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз даъватшудагон аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоии идона доир намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «Қувваҳои  мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, шумо – даъватшавандагон, яъне дар оянда хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург мегузоред».

Раиси вилоят аз суханронии Сарвари мамлакат ёдовар шуда, гуфт, ки  «барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Вақте ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем».

Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мешавад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёриро интихоб намудаанд, аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат бархурдор мегарданд, аз ҷумла, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ.

 Ҳамчунин дар рӯз аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барномаи фарҳангӣ доир шуда, аз ҷониби модарон маросими «нонгазон» сурат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 3, 2022 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид