Дилшод Назаров бо Президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Октябрь 31, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров дар доираи сафараш ба Арабистони Саудӣ бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро миёни ду кишвар ва минтақа баррасӣ карданд. Хусусан баргузор кардани ҷамъомадҳои тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар Арабистони Саудӣ қабл аз бозиҳои маҷмӯии варзишӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

28 октябр дар варзишгоҳи «Шоҳ Фаҳд»-и Риёз маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ баргузор шуд, ки дар он Дилшод Назаров ширкат кард.

Аввалин Бозиҳои Саудӣ аз рӯи 45 намуд ва равияи варзишӣ то 7 ноябр идома меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки Арабистони Саудӣ соли 2025 мизбони Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, соли 2029 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё ва соли 2034 мизбони Бозиҳои Осиё мебошад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 31, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад