Ду варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ширкат мекунанд

Октябрь 12, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 12.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13-16 октябр дар Кувайт Чемпионати 4-уми Осиё оид ба варзиши сабук миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар чемпионат иштироки 400 варзишгар аз 33 давлати қора дар назар аст. Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Абубакр Носиров ва Хусан Кулов ба Кувайт сафарбар гардиданд.

Абубакр дар мусобиқаи дав ба масофаи 200 метр ва Хусан дар дав ба масофаи 1500 метр иштирок мекунанд.

Чемпионат аз рӯи 40 мусобиқа – дав ба масофаҳои 100м, 200м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 5000м, 110м бо монеа миёни мардҳо, 400м бо монеа, 2000м бо монеа, ҷаҳиш ба дарозӣ, баландӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, найза, гулӯла, гурз миёни мардону занон, даҳҳарба миёни мардон, инчунин этафета доир мегардад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 12, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд