Душанбе бори аввал мизбони мусобиқаи «Grand Prix» оид ба дзюдо мегардад

Октябрь 13, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва  дастгирии Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо соли оянда баргузории мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe, 2023-2026″ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик гуфтушунид ва тасвиби шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа дар назар дошта шудааст.  Аллакай корҳо барои  баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо  оғоз шудаанд.

Дзюдо яке аз намудҳои дӯстдоштании варзиш миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳоло дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 13, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд