ДУШАНБЕРО ОЗОДА НИГОҲ МЕДОРЕМ! Дар ҳудуди пойтахт 36 маротиба иқдоми «Тозагии соҳил» ва 29 маротиба «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолонаи сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, аҳли ҷамоат ва ташкилоти ҷамъиятӣ 36 маротиба иқдоми «Тозагии соҳил» ва 29 маротиба «Тозагии маҳал» гузаронида шудааст, ки ҳадафи он тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, назди биноҳои истиқоматӣ, ташкилоту идораҳо ва вазоратҳо мебошад.
Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Абдусалим Қурбонов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “ҳадаф аз баргузории чунин иқдоми экологӣ- тоза намудани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо убуркунанда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар буда, иштироки фаъолонаи сокинони маҳал далели таваҷҷуҳи онҳо ба масъалаҳои тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад”.
Мавсуф афзуд, ки дар ҷараёни баргузории 36 ташаббуси экологии «Тозагии соҳил», ки дар соҳили дарёи Варзоб, Душанбе, Лучоб, Кофарниҳон ва ҳудуди каналҳои Говкуш, Чортут, Канали калони Ҳисор, Оқ-қурғон доир гардид, 35 017 метри тӯлонӣ соҳили дарёву каналҳо тоза карда шуда, 3410,5 метри мукааб партовҳои сахти маишӣ тавассути 94 техникаи махсуси соҳаи коммуналӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.
Мутобиқ ба қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ» сарҳади шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7659,25 гектар тағйир дода, масоҳати умумии шаҳр ба 20318, 25 гектар муқаррар карда шуд.
Бо инобати беҳтар намудани вазъи экологии маҳаллаҳои ба ҳудуди пойтахт воридшуда бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Сино ташаббуси экологии «Тозагии соҳил» дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Гиждалобод доир гашта, тавассути техникаҳои Раёсати обёрӣ ва Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино 180 метри тӯлонӣ дохили канали Говкуш аз партовҳои сахти маишӣ ва лойқа тоза гашта, ба миқдори 90 метри мукааб партовҳо бароварда шуданд.
Бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологии сокинон Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ин давра дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо 29 маротиба аксияи «Тозагии маҳал»-ро роҳандозӣ намуд, ки ба миқдори 591,5 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва бароварда шуданд.
Дар баробари анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ва солимгардонии муҳити зист аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ба сокинон оид ба иҷрои фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе 65 суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронида шуданд.
Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки тарғиби донишҳои экологӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дар доираи муқаррароти қонунҳои зарурӣ амал кардани сокинон дар тоза нигоҳ доштани соҳили дарёву канал ва таъмини тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо муносибати сокинон ба муҳити атроф дигаргун гашта, чорабиниҳои доиргашта дар баланд гаштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бетаъсир намондааст.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини беҳдошти муҳити зист, хосатан ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва соҳили дарёву каналҳо чунин ташаббусҳоро то анҷоми соли равон роҳандозӣ намуда, беҳдошти муҳити зистро таъмин намояд.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






