ДЗЮДО. Паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 23 октябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam 2022») оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.
Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) миёни 430 варзишгар аз 66 кишвари ҷаҳон доир мешаванд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 11 нафар варзишгарони шинохта намояндагӣ мекунад: Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг, Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кг, Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир бо Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан Темур Раҳимов дар вазни +100кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мегарданд, 1000 имтиёз, медали нуқра- 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин дзюдочиёне, ки мавқеи 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.
Хотиррасон мешавем, ки соли гузашта паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдои «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардида буданд. Мусобиқаи мазкур 26-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 223 варзишгар (135 мард, 88 зан) аз 41 давлати дунё доир гашт. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар варзишгар ба шаҳри Абузабӣ сафарбар гардида буданд. Дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра, Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100кг сазовор гардид.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






