Эмомалӣ Раҳмон: «Беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои фирефта нашудан аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шуданд»

Октябрь 19, 2022 12:04

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар- занону кӯдакон, донишҷӯёнро бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷ ба ҷумҳурӣ баргардонид. Дар ин бора дирӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон»  дар Душанбе изҳор доштанд.

«Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххасе, ки Ҳукумати Тоҷикистон андешид, беш аз 230 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, ҳамчунин зиёда аз 1 ҳазор донишҷӯён <…>  бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз хориҷ ба Ватан баргардонида шуданд»,-зикр намуданд Президент. Ба гуфтаи Сарвари давлат, имрӯз ин нафарон дар марҳилаи офиятбахшӣ ва барқарорсозӣ қарор дошта, кумак дар амалӣ гардонидани ин вазифаҳо аз ҷониби  шарикони Тоҷикистон оид ба рушд мерасад.

Конфронс дар Душанбе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати СММ оид ба мубориза бо терроризм, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ташкил шудааст.

Дар конфронс вазирон, намояндагони кишварҳои узви СММ, сохторҳои СММ, ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, институтҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, коршиносон оид ба амнияти сарҳадӣ иштирок доранд. Аз рӯи натиҷаҳо Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва бартараф намудани ҳаракати террористҳо қабул карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2022 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон