«Эмомалӣ Раҳмон: Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи  №189 (24 548), душанбе, 3 октябри  соли равон  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ва зери сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон, истиқлол ва эҳёи давлатдории миллӣ», «Пешвои миллат ва марҳилаи нави рушди забон», «Маориф. Омӯзгорро дастгирии бештар мебояд», «Ифротгароӣ ва терроризм. Тоҷикистон дар мубориза пешоҳанг боқӣ мемонад», «Забони мо ҷаҳони мост!», «Бемории ҳорӣ. Мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» матолиб, инчунин хабару гузоришҳои муҳимро нашр намудааст.

Дар маводи «Эмомалӣ Раҳмон, истиқлол ва эҳёи давлатдории миллӣ» муаллиф Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чунин зикр намудааст: «… Яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани давлатдории миллӣ ва эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди қавӣ дорад. Дар ин давра дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, масоили ташаккули худшиносии миллии ҳамватанон, шинохти чеҳраҳои адабию ҳунарӣ ва сиёсии тоҷикон, бузургдошти забони миллӣ ва дар маҷмӯъ, чопу интишори китобҳои дорои рӯҳияи баланди миллӣ боло гирифт…».

Ҳамчунин дар матлаб муаллиф доир ба сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ки  ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон ҳамчун воситаи муҳимтарини шинохт ва муаррифии миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, малумоти пурра ва саҳеҳ додааст. Хонанда имкон дорад, ки шакли пурраи маводро аз ин шумора мутолиа намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 5 октябр, №124 (4544) мавод зери сарлавҳаи «Забони модариро дар сатҳи аъло донистан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан-Модар аст», «Пайвандгари дирӯзу имрӯз ва роҳнамои фардои миллат», «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули низоми ҳуқуқии Тоҷикистон», «Дасти саховатманд беҳ аз бозуи зӯрманд», «Эмомалӣ Раҳмон: Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад», «Саҳми Пешвои миллат дар рушди мақомоти гумрук», «Ҷавониро фидо карданд, то..» вобаста ба Рӯзи забони давлатӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон  ба нашр расонидааст.

Дар матлаби «Эмомалӣ Раҳмон: Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад» муаллиф- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент  Саодатшо Қосимзода мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро дар ҷомеа пайдо кардан, ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқияти кишвар эътироф шуданд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоссаро касб намудани забони тоҷикиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Тавре зикр шудааст: «Таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  забони тоҷикӣ бо пазириш ба мақоми давлатӣ ҳоло ба ҳайси забони сиёсат, қонунгузорӣ, илму маориф, фарҳанг, равобити дип­ломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот амал мекунад. Қонунгузорӣ ва ё эҷоди қонунҳо дар парламенти касбӣ тавассути забони давлатӣ амалӣ мегардад. Аммо, наметавон, пеш аз ҳама, аз нақши Пешвои миллат дар робита ба ин самт ва кӯшишҳояшон дар қабули санадҳои муҳими сарнавиштсоз доир ба забони давлатӣ хотиррасон нашуд…».

 «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №41 (20374), 5 октябри соли равон сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода, суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони давлатҳои хориҷӣ,  Маҷлиси Ҳукумати мамлакат таҳти Раёсати Пешвои миллат ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Эмомали Рахмон — сущность и сердце таджикской нации», «XVI сессия Верховного Совета Республикии Таджикистан- начало нового этапа государственности таджиков» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон» — нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумаии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №39-40 (9777-78), душанбе, 3 октябри соли 2022 ба пешвози Рӯзи забони давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри махсуси 70-саҳифагии рӯзномаро бо теъдоди 7000 нусха ба табъ расонидааст.

«Ҷавонони Тоҷикистон» нашри махсусро таҳти унвони «Агар сарвар намешуд Оли Раҳмон, биҳиштосо намешуд Тоҷикистон» ба табъ расонидааст, ки дар он аксҳои таърихии Сарвари давлат аз ҷараёни  мулоқоту суханрониҳо ва оғози якчанд иншооти муҳими дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бунёдшуда ҷой дода шудаанд. Инчунин зери унвони «70 шинохти чеҳраҳои саршинос аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ», «70 иқдоми таърихии Пешвои миллат», «70 шинохти Пешвои миллат аз ҷавонон» беҳтарин андешаҳо ба нашр расидаанд.

Дар ин нашри махсус матолиби шахсиятҳои шинохта, инчунин маводи махсус аз бойгонӣ, ки вобаста ба раванди созандагиҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 31 соли истиқлолият, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шукуфоии кишвар, ташаккули мақому манзалати забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат нақл мекунанд, нашр гардидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст

Маводҳои таҳлилӣ