ФОҶИАИ ДАҲШАТНОК ДАР ИНДОНЕЗИЯ. Қариб 180 нафар зимни танба дар бозии футбол ба ҳалокат расиданд

Октябрь 3, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди мухлисони фавтидаи футбол дар варзишгоҳи Индонезия то ба 174 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Reuters.

Қаблан хабар расида буд, ки 127 нафар, аз ҷумла  2 афсари пулис фавтида, 180 мухлиси футбол ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин яке аз фоҷиаҳои даҳшатнокест, ки дар майдонҳои футбол рух додаанд.

Фоҷиа баъд аз бозӣ миёни дастаҳои “Арема” ва “Персебой”, ки дар варзишгоҳи Канҷурухон дар Маланг баргузор шуд,  ба вуқуъ омадааст.

Бозӣ бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Пас аз садои ҳуштаки ниҳоӣ хадамоти амният футболбозони “Персебой”-ро аз майдон берун кард. Мухлисони мизбонон ба майдон баромаданд, миёни онҳо ва полис задухӯрд ба амал омад. Мухлисон ба сӯйи намояндагони хадамоти амният ашё партофтанд, онҳо бо калтакҳо ва норинҷакҳои дорои гази ашковар ҷавоб гардонданд.

Ин ҳодиса дар минбар ва майдон воҳима ба амал оварда, мухлисон ба гурехтан сар карданд, ки он сабаби танба гардид. Бисёре аз мухлисон афтода, зери пои тӯда монданд. Аз сабаби истифодаи гази ашковар аз ҷониби полис нафаскашии шумораи зиёди тамошобинон мушкил  шуд.

Президенти Индонезия Ҷоко Видодо дастур додааст, ки то анҷоми тафтишот ҳамаи бозиҳои футбол дар мамлакат лағв карда шаванд.

Ассотсиатсияи футболи Индонезия (PSSI) низ гуфтааст, ки тафтиши худро оғоз карда ва афзудааст, ки ин ҳодиса «чеҳраи футболи Индонезияро доғдор намуд».

                                        Акс: AFP

Октябрь 3, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд