ФУТБОЛ. «Истиқлол» ва «Кӯктош» пас аз ғалаба ба финали Ҷоми Тоҷикистон -2022 роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022 оид ба футбол дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин бозиҳо дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ноҳияи Рӯдакӣ рақобат карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозӣ хеле ҷолиб доир шуд. Вохӯрии ин ду даста бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 як моҳ пеш — 15 сентябр миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор анҷом ёфта буд. Бинобар натиҷаи 2 бозӣ футболбозони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
Бозии дигар дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфтанд. Бозии аввали ин ду даста бидуни гол хотима ёфта буд.
Ҳамин тавр, дар финал дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон 2022 миёни ҳам мубориза мебаранд. Вохӯрии ниҳоӣ 29 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар доир мегардад.
Ҷоми Тоҷикистон-2022
1/2 ниҳоӣ. Бозиҳои ҷавобӣ
15 октябр (шанбе)
«Эсхата» 1:1 «Истиқлол» (бозии аввал: 0:1)
Голҳо: Олимҷон Каримов, 55 худгол (0:1). Дилшод Бозоров, 77 (1:1).
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак», 1500 тамошобин
«Кӯктош» 2:1«Хатлон» (бозии аввал: 0:0)
Голҳо: Сорбон Ғиёсов, 5 (1:0). Жан Гатен НД, 8 (1:1). Муҳаммад Гулаев, 37 (2:1).
Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник», 5 000 тамошобин
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






