ФУТБОЛ. Пагоҳ «Истиқлол» ва «Кӯктош» барои Ҷоми Тоҷикистон-2022 бозӣ мекунанд

Октябрь 28, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин бозиҳо дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар шаҳри Хуҷанд ва дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ноҳияи Рӯдакӣ рақобат карданд. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 як моҳ пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфта буд. Бинобар натиҷаи 2 бозӣ футболбозони дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Бозии дигар дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфтанд. Бозии аввали ин ду даста бидуни гол хотима ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки  дар  бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022  дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо либосҳои сурх ва дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо либосҳои зард миёни ҳам сабқат мекунанд.

                                                АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 28, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад