ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ. Дар Хуҷанд бахшида ба 30-солагии он ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Октябрь 18, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз- заминаи рушди босуботи Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ  баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, дар ҳамоиши идона мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ Рафиқа Мусоева, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова ва  хизматчиёни давлатии ниҳодҳои давлатии ҳудуди вилояти Суғд иштирок намуданд.

Иштирокчиёни бевоситаи иҷлосияи таърихӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ вобаста ба аҳамияти баргузории ин ҷаласаи таърихӣ, нақши он дар кори ба эътидол овардани вазъияти ҳассос дар он давра, заҳматҳои нотакрор ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳи комил, таъмини истиқлолияти давлатӣ, пойдориву ягонагии миллату давлат сухан гуфтанд.

Яке аз иштирокчиёни он, собиқ вакили мардумӣ  Рафиқа Мусоева гуфт, ки бо шарофати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба мо,  халқи тоҷик имконият фароҳам омад, ки баъди ҳазорсолаҳо таърих, забону фарҳанг, суннату арзишҳои неки ниёгонро  ба хотири эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати сохибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрузу фардо эҳё намоем.

«Тоҷикистон бо сиёсати сулҳҷуёнаю созанда, ҷонбозиҳо,  заҳматҳои басо сангин ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давоми 31 сол дар тамоми соҳаҳо, дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб  гардид. Имрўз Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ нуфузу эҳтироми хоссаро соҳиб  гаштааст»,- афзуд Рафиқа Мусоева.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта роҳбарияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шахсиятҳои барӯманд, хизматчиёни давлатии собиқадор, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва собиқ вакили вилоятӣ, узви комиссия оид ба таъсиси вилояти Ленинобод, котиби кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Ленинобод Баҳриддин Аҳмадовро аёдат намуданд.

Ҳайати роҳбарият аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Баҳриддин Аҳмадов табрик гуфтанд.

Дар навбати худ собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Баҳриддин Аҳмадов Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро неъмати бузурги таърих барои миллати тоҷик  арзёбӣ намуда, аз ҷонфидоиҳои Президенти мамлакат ёдовар шуданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид
Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд
«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо