ИМРӮЗ — РӮЗИ ФАЛАК. Ин мусиқии қадимии шифоҳӣ аз забон ба забон то ба имрӯз расида, ба қатори мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид

Октябрь 10, 2022 10:06

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар  Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев»-и пойтахт барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодони фалаксаро баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 15 сол инҷониб Рӯзи фалак бо шукӯҳу шаҳомати хосса  таҷлил мегардад. Ин санъати мондагори мусиқии халқи тоҷик имрӯз ба қатори мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном гардидааст, ки фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  менамояд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр  Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти фарҳангшиносон, жанри фалак дар асри X ё пештар аз он низ аз ҷониби ҳунармандони он замон иҷро мегардид.  Инчунин дар деворҳои шаҳраки қадимии Ҳулбук нақшҳое ёфт шудаанд, ки дар онҳо занҳо дар даст думбраву камонча ва ғиҷҷак доранд. Яъне муаррихон мегӯянд, ки чун ин занону мардон дар даст асбоб доранду менавозанд,  пас маълум аст, ки аз ҳамон давраҳо ва боз ҳам пештар аз он сурудхонию фалаксароӣ мавҷуд будааст. Ё ин ки дар баъзе суратдеворҳо анъанаи даст дар гӯш мондани одамон нақш ёфтааст, ки ин ҳам далели санъати таърихии миллати мо будани фалак мебошад.

Тамоми вижагиҳои ин санъати асили тоҷикро ба назар гирифта, 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон зикр намуд, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби ЮНЕКСО анаъанаи миллии ягон давлат қабул мегардад. Қабул гардидани номинаи фалак дар замони  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муждаи фарҳангӣ буда, фарҳангпарвару санъатдӯст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  менамояд.

Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Он жанри мусиқии қадимии шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст.

Бояд гуфт, ки бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули  мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри 20 онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ  ва ба насли дигар омӯзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод–шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то ба замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.

Яке аз устодони ин жанр Давлатманд Холов мебошад, ки ин санъати нотакрори тоҷикро дар арсаи байналмилдалӣ муаррифӣ намудааст.

Ба гуфтаи Давлатманд Холов, яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон — ин рушду равнақ додани фарҳанги миллӣ ва шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои санъати тоҷик мебошад. Ҳар халқ дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш дар тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштааст. Тоҷикон низ дар ин самт нақши сазовор доранд. Имрӯз ин мусиқии суннатии тоҷик умри дубора ёфтаву ҳунари фалакхонӣ дар мамлакати мо рушд ёфтааст.

20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ансамбли «Фалак» таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Давлатманд Холов ба уҳда гирифт ва чандин нафар шогирдонро дар ин даргоҳ ба камол расонид.

Имрӯз ин мактаби ҳунарии авлодиро  Лоиқ Холов- фарзанди  устод Давлатманд идома дода, пайрави сазовори падари худ мебошад.

Тавре Лоиқ Холов дар суҳбат бо мо иброз намуд, «ман дар оилаи санъаткор ба воя расидаму тамоми нозукиҳои ин санъати аҷдодиро аз падарам омӯхтам. Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ тақозо менамояд.

Фалак бо асбоби бепарда хонда мешавад ва он аз нозуктарин ва душвортарин намуди асбоб дониста мешавад. Ҳеҷ жанр, хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар, бе хусусияти хос буда наметавонад, инчунин жанри фалак. Ман ин ҳунарро аз падарам омӯхтаму пайи  омӯзиши дигар нозукиҳои он ҳастам».

Ба гуфти Лоиқ Холов, дар Тоҷикистон барои онҳое, ки  мехоҳанд дар равияи фалакхонӣ мактаби хешро дошта бошанд ва омӯзиш гиранд, тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст.

Яке аз сарояндагони ҷавони имрӯза, ки дар баробари жанрҳои гуногун дар иҷрои фалак низ муваффақ гардидааст, Фотима Машрабова мебошад. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки «дар оилаи мо ягон нафар фалаксаро набуд. Вақте ки ман ба ансамби «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радио ба кор омадам, шавқи маро нисбат ба ин жанр устодам Давлатманд Холов бедор намуд. Дар аввал душвор буд. Зеро ин жанр аз инсон садои баланди марғуладор ва фаҳмиши баланд талаб мекунад.

«Барои ман сароидани жанри фалак гуворост. Вақте ман берун аз Тоҷикистон дар барномаҳои фарҳангӣ бо либоси миллӣ баромада,  фалак месароям, ҳис мекунам, ки таваҷҷуҳи зиёди тамошобин ба ман равона мешавад».

Устоди  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва  санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳматулло Ҳошим, ки давомдиҳандаи мактаби фалаксарои машҳури тоҷик- падараш Одина Ҳошим мебошад, зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки «имрӯз таваҷҷуҳ ва шавқи насли ҷавон ба фалаксароӣ ва омӯзандагони ин мусиқии асил хеле зиёд шудааст. Ба назари ман ин ҳама таваҷҷуҳи ҷавонон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат мебошад».


Ҳеҷ жанре, хоҳ мусиқӣ бошад, хоҳ дигар, бе хусусияти хос буда наметавонад. Масалан, ҳангоми иҷрои фалак бо шеваҳои гуногун хусусияти он маълум мегардад. Хусусияти шеваи иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матни сурудҳо аз хусусияти фонотекии тарзи гӯиши гуногун- номҳо ва тарзи истифодаи шеърҳо иборат аст.

Гирем фалаки Афғонистонро. Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ ва шамолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои фарёд, фироқӣ, чорпорӣ, каллафарёд маъмул аст. Аз ин рӯ фалак яке аз жанрҳои мушкилтарини соҳаи мусиқӣ мебошад. Чунки бо дил хонда мешавад. Ҳарчанд фалак имрӯз ба чанд равия ҷудо мешавад, аммо ҳама аз як ҷо маншаъ мегиранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 10, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус