ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронси оби СММ – 2023 кӯшиш доранд, ки онро ба яке аз конфронсҳои тақдирсоз ва ҳалкунанда табдил диҳанд, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз расидан ба ҳадафҳои Рушди устувор хеле қафо мондааст ва барои дубора баргаштан ба харитаи роҳ зарур аст кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон чаҳор маротиба афзунтар карда шавад. Чунин изҳори назар намуд намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (КИ ХБНА) ва ҳамзамон аъзои гурўҳи кории тоҷикистонӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) — 2023 Саноӣ БОЙЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА.
Ҷомеаи ҷаҳон аз Конфронси оби СММ интизории зиёд дорад
«Азбаски Конфронси оби СММ — 2023 баъд аз қариб 50 сол бори нахуст баргузор мегардад, аз ин рӯ интизории ҷомеаи ҷаҳон аз он хеле зиёд аст», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои мавсуф, ҳадафи асосии Конфронси оби СММ – 2023 мусоидат намудан барои расидан ба ҳадафҳоест, ки барои масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамкории хеле хуб ба роҳ мондаанд, ки ин ҳамкорӣ метавонад намуна барои тамоми дунё гардад. Ба иттилои намояндаи КИ ХБНА ва ҳамзамон узви гурӯҳи кории тоҷикистонӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2023, Тоҷикистон ва Нидерланд ҳам аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ куллан аз ҳамдигар фарқ доранд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳиест, ки дар саргаҳи об қарор дошта, рӯ ба тараққӣ аст ва Шоҳигарии Нидерланд кишвари поёноб буда, дар соҳили баҳр қарор дорад ва кишвари тараққикарда аст.
“Чунин намунаи ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки чӣ тавр кишварҳои гуногун метавонанд барои ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ якҷо шаванду ҳамкорӣ намоянд ва ин масъалаҳоро дар якҷоягӣ ҳал намоянд”, — мегӯяд ў.
«Рӯзномаи амали об» – яке аз натиҷаҳои асосии Конфронс
«Дар назар аст, ки аз баргузории Конфронси оби СММ — 2023 се натиҷаи асосӣ ба даст оварда шавад. Якум- ин хулосагирӣ кардани кори худи конфронс, дуюм- пешниҳод намудани «Рӯзномаи амали об», ки он маҷмӯи уҳдадории ихтиёрие хоҳад буд, ки давлатҳои муассис, институтҳои молиявӣ, СММ ва дигар сохторҳо дар ин ҷо ҳамон уҳдадориҳоро мегиранду кор мебаранд. Инчунин дар назар аст, ки барои нимаи дуюми Даҳсолаи об харитаи роҳ муайян гардида, дар он қадамҳои навбатӣ тарҳрезӣ гарданд», — иттилоъ дод номбурда.
Ҳам раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ -2023 ва ҳам худи конфронс ба 3 принсипи асосӣ такя мекунанд. Принсипи аввал инклюзивӣ мебошад, яъне тамоми тарафҳои ҳавасманд ба кори конфронс ҷалб мешаванд. Принсипи дуввум- ин принсипи такя ба амал хоҳад буд. Ин чунин маъно дорад, ки конфронс бояд натиҷабахш бошад. Принсипи сеюм байнисоҳавӣ мебошад, яъне ба Конфронси оби СММ-2023 на танҳо соҳаи об ҷалб мешавад, балки ҷалб намудани дигар соҳаҳои ҷомеа низ дар назар аст.
«Ҳадаф аз ҷалб намудани дигар соҳаҳо ба кори конфронс он аст, ки нақшаву амалҳои дигар соҳаҳо низ ба ин ҳамоиш оварда шаванду тарзи идора ва истифодаи обро иваз намоянд, то ин ки масоили об ҳалли худро ёбад», — изҳор дошт коршинос.
Конфронс- фарогири 6 ҷаласаи пленарӣ ва 5 муколамаи интерактивӣ
«Конфронси оби СММ-2023 аз 6 ҷаласаи пленарӣ иборат хоҳад буд, ки дар он кишварҳои узви СММ метавонанд сухан гуфта, уҳдадориву нақша ва таҷрибаҳои беҳтарини худро эълон намоянд. Дар раванди ҷаласаҳои пленарӣ тарафҳои ҳавасманд метавонанд ҳамчун нозир таклиф шаванд ва ба теъдоди муайяни онҳо имконияти сухан гуфтан низ дода мешавад», — шарҳ дод Саноӣ Бойзода.
Конфронс аз 5 муколамаи интерактивӣ иборат хоҳад буд, ки дар он ҷо новобаста аз дахолати тарафҳои ҳавасманд ҳам аз ҷониби кишварҳои узви СММ, ҳам аз бахши хусусӣ ва ҳам аз соҳаи илм ва дигар соҳаҳо метавонанд ширкат варзида, мубоҳиса намоянд ва бо паёмҳои калидӣ ин муколамаҳоро натиҷагирӣ намоянд. Ин натиҷаҳо дар ҷаласаи ниҳоии пленарӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.
200 дав ё тасмими Мина Гулӣ бахшида ба Конфронси оби СММ
Давандаи машҳури австралиягӣ Мина Гулӣ тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Конфронси оби СММ 200 дав анҷом диҳад. «Он давҳое, ки Мина Гулӣ дар Осиёи Марказӣ дошт, қисме аз ин дав буд, ки ба конфронси дарпешистода бахшида шудааст», — изҳор дошт Саноӣ Бойзода. Дар назар аст, ки дави ниҳоии Мина Гулӣ 22 марти соли 2023, қабл аз оғози Конфронси оби СММ – 2023, дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об ҷамъбаст ва натиҷагирӣ гардад.
“Яке аз ҳадафҳои асосии давҳои Мина Гулӣ, ки дар тамоми ҷаҳон доир мегарданд, ин тарғибу ташвиқи масоили об, гузаронидани суҳбат бо тарафҳои ҳавасманд ва огоҳӣ пайдо кардан аз мушкилоти онҳо мебошад, ки дар раванди Конфронси оби СММ овози онҳо низ расонида мешавад”, — иттилоъ дод дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Саноӣ Бойзода.
Ба иттилои мавсуф, то ҳол Мина Гулӣ дар минтақаҳои Осиё ва Африқо, ҳамчунин Туркия беш аз 70 дав анҷом додааст, ки ин шумора рӯ ба зиёдшавӣ дорад.
Баргузории чорабиниҳои муҳим дар арафаи Конфронси оби СММ
Соли 2022 дар доираи баргузории Конфронси оби СММ – 2023 якчанд чорабинии муҳим аз қабили Форуми 9-уми ҷаҳонии об (Дакар, 21-26 марти соли 2022), Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором (Кумамото, 23-24 апрел), мулоқоти вазирон доир ба беҳдошт ва об барои ҳама бахшҳо (Индонезия, 18-19 май), Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи об, (Душанбе, 6-9 июн), 39-умин Конгресси умумиҷаҳонии Ассотсиатсияи байналмилалии муҳандисии гидроэнергетика ва тадқиқот (Гранада, 19-24 июн), Симпозиуми об дар Конфронси 2-юми Уқёнус (Лиссабон, 27 июн), Чорабинии махсуси Ҳадафи 6-уми Рушди устувор (SDG6) дар манзил, замин ва амвол (Ню Йорк, июл), Ҳафтаи ҷаҳонии об (Стокголм, 23-1 сентябр) ва Маҷмааи Умумии СММ (Ню-Йорк, 19-21 сентябр) доир гардида, муҳимтарин мушкилоти марбут ба обро баррасӣ ва натиҷаҳои онро ба Конфронси оби СММ – 2023 пешниҳод намуданд.
Ба иттилои Саноӣ Бойзода, дар назар аст, ки то баргузории Конфронси оби СММ – 2023 ҳамчунин якчанд чорабинии дигар ба монанди ҳафтаи оби Қоҳира (16-19 октябр), Маҷлиси тайёрии Президенти Маҷмааи Умумӣ, (Ню-Йорк, 24-25 октябр), Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (Шарм ул-Шайх, 7-18 ноябр), Саммити СММ оид ба обҳои зеризаминӣ (Дафтари кории ЮНЕСКО, Париж, 7-8 декабр), Конфронси гуногунии биологии СММ (Монреал, (Канада 7-15 декабр) ва ниҳоятан Ҳафтаи оби Ню-Йорк (22 марти соли 2023) низ дар сатҳи баланд доир гардида, занҷираи муҳиме барои конфронси навбатии СММ дар соҳаи об хоҳанд буд.
Конфронс сомонаи махсуси худро дорад
“Конфронси оби СММ-2023 сомонаи худро дорад (https://sdgs.un.org/conferences/water2023), ки дар он доир ба баргузории ҳамоиши мазкур, ҳадафҳои он, нақшаҳо ва вазъи бақайдгирии иштирокчиён бо забонҳои расмии СММ маълумот пешниҳод мегарданд”, — иттилоъ дод Саноӣ Бойзода.
Зикр шуд, ки воридшавӣ ба сомонаи Конфронси оби СММ – 2023 ҳамчунин тавассути сомонаи Раванди оби Душанбе (https://dushanbewaterprocess.org/) ба роҳ монда шуда, нафарони ҳавасманд имкон доранд маълумоти умумиро доир ба конфронс ҳамчунин аз сомонаи мазкур дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи “Баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”- ро қабул кард. Дар қатънома гуфта мешавад, ки Конфронс оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат оид ба татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардида, раисии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бар уҳда хоҳанд дошт.
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз