Мизбони Ҷоми Осиё-2024 оид ба футбол миёни дастаҳои олимпӣ эълон шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар ҷаласаи панҷуми худ, ки 30 сентябр дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, Қатарро ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2024 миёни ҷавонони то 23-сола тавсия дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз раванди ҳамаҷонибаи арзёбии дархостҳо Қатар, ки моҳи ноябри соли равон мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2022 хоҳад буд, аз байни панҷ довталаб — Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Узбекистон мизбони Ҷоми Осиё-2024 интихоб гардид. Дар Ҷоми Осиё-2024 се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Инчунин як дастаи дигар барои роҳхати чорум дар бозии байниқитъавӣ талош мекунад.
Бо дарназардошти коҳиш ёфтани таъсири пандемия дар саросари Осиё Кумитаи мусобиқот ба Кумитаи иҷроияи AFC тавсия дод, ки амали Қоидаҳои махсуси марбут ба мусобиқаҳои AFC дар давраи пандемияи Ковид-19-ро аз соли 2023 қатъ кунад.
Барои эътибор пайдо кардани тавсияҳо қарорҳо бояд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи AFC тасдиқ карда шаванд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






