Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба савдои мутақобила баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо муовини якуми Вазири корҳои маъмурӣ ва коммуникатсияи Ҷопон хонум Оми Асако баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, бахусус дар самти савдои мутақобила ва сармоягузорӣ, инчунин тақвияти робитаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ А.Солеҳзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳо бо Ҷопон якҷо бо роҳбарияти Ҷопон саҳми арзанда доранд.
Ҳамзамон дар самти робитаҳои такмили низоми мубодилаи таҷриба оид ба мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Омӯзиши таҷрибаи Ҷопон дар ин самт барои такмили низоми мавҷуда дар кишвар аҳамияти хосса дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад






